Хонандаи тоҷик Ҷонона Азиззода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба «Таэквон-до ИТФ» соҳиби ду медал гардид

Аз 14 то 17 декабри соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия байни варзишгарони 47 давлати дунё бо иштироки 468 нафар варзишгар Чемпионати ҷаҳон оид ба «Таеквон-до ИТФ» баргузор гардид.

Хушбахтона дар байни довталабони 10-11 сола Тоҷикистони азизамонро хонандаи синфи 5 Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азиззода Ҷонона муаррифӣ намуд.

Ҷонона дар Чемпионати мазкур барои дарёфти Ҷоми Ҷаҳон иштирок намуда, аз намуди “техника” сазовори ҷойи 2-юм ва аз намуди “спаринг” низ сазовори мақоми 2-юм гардид ва ду медали нуқраро ба захираҳои варзишии кишвар ворид намуд, Парчами ҷумҳурии азизамон Тоҷикистонро дар байни 47 давлатҳои иштирокчӣ баланд намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *