Даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор шуд

Даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дар соли 2023 баргузор гардид. Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 9 ноябр то 9 декабр) барои иштирок дар ИМД номнавис шуда буданд, иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи чоруми бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил пешниҳод шуда буданд.

Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил танҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ мешавад. Аз ин лиҳоз дар ин даври имтиҳонҳо довталабон фақат қисми А-ро месупоранд.

Дар давраи чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД-2023 ҳамагӣ 1132 нафар худро номнавис намуданд. Барои баргузории имтиҳони даври чорум дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2-тоӣ  ва дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Бохтар, Рашт, Данғара ва Кӯлоб 1-тоӣ маркази имтиҳонӣ таъсис дода шуд.

Даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо тартиби ягонаи муқарраршуда чун дар ҳама давраҳои дигар мутобиқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тестии дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда  пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешаванд, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб намояд. Ҳамчунин аз ҳамон рӯз то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои гирифтаашро мустақилона ҳисоб намояд.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонида бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод шавад.

Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб қолаби аризаро дар бораи вайрон намудани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур намуда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.

Эълони натиҷаи даври чоруми имтиҳонҳо 22 декабр ва натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи он 24 декабр ба нақша гирифта шудааст. Дар бораи натиҷаҳои даври чоруми имтиҳонҳо ва озмуни тақсимоти асосӣ тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмак (SMS) ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар дафтари асосии Марказ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба довталабон хабар дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *