-ҳисоботи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода “Оид ба ҷамъбасти омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ”
20 декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар он сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.
Сипас ҳисоботҳои сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б. Исмоилзода “Оид ба ҷамъбасти омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ”, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм Б. Файзуллозода “Оид ба рафти иҷрои корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатии соли 2023 тариқи Вазорати маориф ва илм амалӣ карда мешаванд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2022, №626)”, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Н. Мирзозода “Оид ба вазъи фаъолияти факултетҳои муштараки назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ”, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода “Оид ба вазъи таълими фанҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён «Оид ба вазъи иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов», иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода “Оид ба таъминоти китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғафорзода “Дар бораи ҷамъбасту натиҷагирӣ аз олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2023” шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур қайд намуд, ки мувофиқати маълумотҳои оморӣ, пешниҳоди дурусти маълумоти оморӣ аз ҷониби муассисаҳои гуногуни соҳаи маориф, таҳия ва коркарди барномаҳои электронии оморӣ дар шароити кунунӣ амри зарурист. Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҷалби омӯзгорони маълумоти педагогидошта ба ҳайси муаллими омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ташкили ҳамкориҳо бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими фанҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ватандӯстии хонандагон, ҳамкории донишгоҳҳои кишвар бо донишгоҳҳои хориҷӣ дар асоси факултетҳои муштарак, сатҳу сифати таълиму тарбия дар факултетҳои муштарак, таҳияи санадҳои батанзимдарорандаи фаъолияти онҳо, пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, зиёд намудани иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ шароити мусоидро дар рушди соҳаи маориф фароҳам меорад. Аз ин рӯ ба масъулин вобаста ба масъалаҳои болозикр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон