«МУҲИТИ ТАЪЛИМ-АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ». Дар Душанбе ин лоиҳа муаррифӣ шуд

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» муаррифӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.

Лоиҳа дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ барои давраи солҳои 2023-2029 пешбинӣ шуда, аз се қисм иборат аст.

Лоиҳаи «Муҳити таълим — асоси таҳсилоти босифат» аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм татбиқ мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани самаранокии таълим, татбиқи раванди босалоҳият дар таълиму тарбия, беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳо, шароити санитарии онҳо ва тақвият бахшидани неруи зеҳнии хонандагон мебошад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *