ЭЪ Л О Н!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Довталабони стипендияҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёну унвонҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд:

— ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат, Созандагони Ватан ва ғайра) аъзо бошанд;

— бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамояд;

— дастовардҳои илмиву эҷодиаш дар ВАО нашр шуда бошад.

— фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошад;

— дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намоянд;

— барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд;

— рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ);

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияҳоро доранд ҳуҷҷатҳои зеринро то 5 – уми марти соли 2024, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд.

— аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;

— суратҷаласа оид ба пешниҳоди номзад ба даври аввал ва ниҳоии озмун;

— тавсифнома;

— тарҷумаи ҳол;

— рўйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои роҳбар ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст (барои хонандагони МТМУ)

— нусхаи дафтарчаи имтиҳонот, ки аз тарафи маъмурияти факулта тасдиқ шудааст (барои донишҷўён);

— ба корҳои илмиву эҷодӣ тақриз;

— нусхаи шаҳодатнома ва ё шиноснома;

— 4 дона расми андозааш 3х4.

Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳо ва рўйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул карда мешавад.

Телефонҳо барои маълумот:

2217283,936881122, 811070101шаҳри Душанбе

2331576, 777150707 ноҳияи Фирдавсӣ

2277963, 909038787 ноҳияи Исмоили Сомонӣ

2270134, 55 555 8421 ноҳияи Шоҳмансур

917444466 ноҳияи Сино

Инчунин иштирокчиён барои гирифтани маълумоти муфассал бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, ошёнаи 3 – юм, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва тавассути суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:

– телефон барои тамос (+37) 2217283, 2216736, 936881122,

Ватсап, телеграмм: 934603031, 811070101,

Еmail: joiza-dushanbe@gmail.com, gulzod@mail.ru

Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *