16 январи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон, таҳлили барномаҳои соҳавӣ ва иҷроиши онҳо, нақшагузорӣ вобаста ба иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар соли 2024, таҳлили сохмону азнавсозии муассисаҳои таълимии дар соли 2024 банақшагирифташуда, ҳисоботи оморӣ, вазъи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар соли 2024, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории корҳои ободонӣ ва риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон,таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва иловагӣ, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта баргузории Аксияи ҷамъоварии партовҳои пластикӣ, омӯхтани луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа директорони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати таъмини тарбиягирандагон бо хӯрока, сару либос, китобу маводҳои хониш ва захираи маводҳои хӯрока гузориш дода, зикр намуданд, ки дар ин самт мушкилот ҷой надорад.
Дар рафти ҷаласа ба сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маориф Бобозода Асомиддин, масъулини шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд.
Дар идома Аминҷонзода Парвина-сардори раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Шарифзода Ҳушанг- мутахассиси пешбари Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолона дар баргузори даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «»Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.