НИЗОМИ БАҲОГУЗОРИИ 10-ХОЛА –ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Истиқлоли давлатӣ ба тамоми самтҳои зиндагӣ, аз ҷумла, ба низоми маориф таъсири файзбахш расонд. Воқеан, пешгӯйии стратегии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат ҳисобидани маориф» ва пешрафти мақсадноку босуръати кишвар иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ақлонии ҷумҳуриро дар ин солҳо устувор ва рушди онро ҳамаҷониба таъмин намуд.
Ислоҳот самтҳои гуногун, аз ҷумла, таҷдиди назар намудани мазмуни таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълим ва омӯзишро дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим фаро гирифт ва имрӯз он бомаром идома дорад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияшон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон (01.09.2022) дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳодиҳии бисёрхола чунин пешниҳод намуданд: «Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад».
Дарвоқеъ, раванди ислоҳоти низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки гузариш аз низоми баҳогузории 5-хола ба меъёрҳои бисрёхола бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ яке аз талаботи афзалиятноки замони муосир ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, зерсохторҳои он, олимон, коршиносон ва омӯзгорон гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузориро нисбат ба низоми баҳогузории 5-холаи амалкунанда афзалтар мешуморанд. Низоми баҳогузории 5-хола имконоти арзёбӣ, ташхис ва ҳавасмандсозии хонандагонро ба омӯзиш дар раванди таълиму тарбия ба таври мукаммал фаро гирифта наметавонад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври самаранок амалӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим гузаронидани озмоиш (пилот)-ро аз рӯйи низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (озмоишӣ)-и кишвар пешбинӣ намудааст. Ин озмоиш, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо мақсади гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ тавассути гурӯҳҳои корӣ дар 140 муассисаи таълимӣ роҳандозӣ мегардад, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври амиқ мавриди таҳқиқ ва таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Пас аз анҷоми он, дар асоси натиҷаҳои озмоиш ва пешниҳоду дархостҳои тарафҳо, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳияи Низомномаи баҳогузории 10-хола ба меърёҳои арзёбии сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст. Бояд зикр намуд, ки дар низоми баҳогузории 10-хола арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар меҳвар қарор дошта, натиҷаҳои он барои муайян кардани баҳо ба дониши хонанда нақши ҳалкунанда мебозад. Арзёбии ташхисӣ барои муайян кардани сатҳи ибтидоии дониш, малака ва маҳорати хонанда, ҷамъ овардани маълумот дар бораи қобилияти ӯ ва муайян кардани стратегияи таълим истифода бурда мешавад. Он дар оғози соли таҳсил, ё машғулияти аввали омӯзиши мавзуъҳои калонҳаҷм, фасл, бобҳои барномаҳои таълимӣ, ҳангоми аз як муассисаи таҳсилоти умумии дигар гузаштани хонанда, иваз кардани синф ва омӯзгор гузаронида мешавад. Арзёбии ташаккулдиҳанда раванди мақсадноки доимии мушоҳидаи фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ буда, барои ошкор кардани мушкилоти раванди азхудкунии маводи таълимии хонанда ва бартараф намудани он пешбинӣ мешавад. Дар раванди арзёбии ташаккулдиҳанда стратегияи он (мақсадгузорӣ, меърҳои муваффақият, саволдиҳии таъсиргузор, робитаи мутақобила, худбаҳодиҳӣ) ба таъмини фазои хуби таълимӣ равона карда мешавад. Арзёбии ҷамъбастӣ раванди муайян намудан ва мутобиқати сатҳи ниҳоии ташаккули дониш, малака ва маҳорати хонанда ба талаботи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва ошкор намудани сатҳи қобилияти татбиқи донишҳои азхудкардаи хонанда дар амал буда, дар охири омӯзиши бобҳо, фаслҳо, чоряк, нимсола, солона ва аттестатсия гузаронида мешавад. Арзёбии ҷамъбастӣ дар се шакл гузаронида мешавад: арзёбии ҷамъбастии фосилавӣ (АҶН-пас аз омӯзиши боб, фаслҳои барномаҳои таълимӣ), арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ (АҶН-ҳангоми ҷамъбасти омӯзиш дар охири чоряк, нимсола, солона ва арзёбии ҷамъбастии аттестатсия — АҶА).
Арзёбии ҷамъбастии фосилавӣ пас аз омӯзиши мавзуъҳои калонҳаҷм, бобҳо ва фаслҳои барномаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони синфҳои IIXI дар як чор як гузаронида мешавад. Арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ аз тарафи омӯзгорони фанҳои таълимӣ дар охири чоряк, нимсолаҳо, солона тавассути мониторинги сифати иҷрои талаботи стандартҳои фаннӣ ва барномаҳои таълимӣ дар синфҳои IV, IX, XI-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯйи фанҳои ба аттестатсия пешниҳодшаванда гузаронда мешавад.
Арзёбии ҷамъбастии фосилавӣ (аз ҷумла, натиҷаи санҷишҳои шифоҳӣ, хаттӣ, корҳои лабораторӣ, амалӣ ва тестӣ) дар охири омӯзиши мавзуъҳои калон ҳаҷм, бобҳо, фаслҳои барномаҳои таълимӣ дар давоми ҳар як чоряк аз ҷониби омӯзгорони синфҳои II-XI тибқи талаботи барномаи таълимӣ ва тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.
Арзёбии ҷамъбастии ниҳоӣ дар охири ҳар як чоряк, нимсола ва солона аз тарафи омӯзгорони фаннӣ дар синфҳои II-XI тибқи тартиби муқарраргардида (аз рӯйи ҳамаи холҳои бадастовардаи хонанда) ҷамъбаст карда мешавад.
Арзёбии ҷамъбастии аттестатсия дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи хонанда дар аттестатсияи аз синф ба синфи дигар гузаронидан, хатм ва натиҷаи холҳои ҷамъбастии солона тибқи тартиби муқарраргардида ҷамъбаст карда мешавад.
Арзёбии ҷамъбастии фосилавӣ ва ниҳоӣ бо мақсади кам кардани сарбории хонандагон дар синфҳои 1 гузаронида намешавад.
Супоришҳои шифоҳӣ, хат тӣ, санҷишӣ, тестӣ, эҷодӣ, лоиҳаҳо, портфолио ва ғайра ҳамчун воситаҳои арзёбии ҷамъбастӣ барои муайян кардани дастовардҳои таълимии хонандагон истифода бурда мешаванд.
Портфолио (ҷузвдони дастовардҳои хонанда) аз тарафи роҳбари синф ду маротиба (ҳар як нимсола) дар давоми сол баҳогузорӣ карда мешавад.
Дастовардҳои таълимии хонандагон аз рӯйи ҷадвали ифодаи рақамии Низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои (чаҳордараҷаӣ)-и арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон баҳогузорӣ карда мешаванд. Дараҷаи паст холи (баҳо)-и 1-ро дар бар мегирад, ки ба хонанда аз рӯйи азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии он дар ҳаҷми пасттарин ҳам таъмин карда нашудааст, гузошта мешавад. Дараҷаи ғайриқаноатбахш – баҳои 2 ба хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро дар сатҳи паст нишон дода, ба хатоҳои ҷиддӣ ва ҷузъии зиёд роҳ медиҳад, гузошта мешавад. Дараҷаи нокифоя –баҳо (хол)-и 3 мебошад, ки дар он хонанда маводи назариявӣ ва амалии таълимиро бо кумаки омӯзгор дар ҳаҷми нокифоя аз худ мекунад, вале дар амал онҳоро татбиқ карда наметавонад. Дараҷаи миёна – баҳо (хол)-и 4 ба хонандае гузошта мешавад, ки мазмуни қисмҳои матн, қоидаҳо, таърифҳо, формулаҳо, қонунҳо ва ғайраро камтар аз ҳадди ақали талаботи барномаи таълим аз худ мекунад…
Ҳамин тавр, баҳои (хол)-и 10 ба он хонандае гузошта мешавад, ки азхудкунии маводи назариявӣ ва татбиқи амалии онро бештар аз талаботи барномаи таълим намоиш медиҳад;
— дар раванди омӯзиш фикру идеяҳои дурустро пешниҳод мекунад ва тавассути муқоиса, таҳлил, хулоса ва қабули қарорҳои дуруст мушкилоти иҷрои супоришро дар вазъияти маъмул ва ғайримаъмул пурра бартараф месозад:
— малакаҳои эҷодӣ, таҳлилӣ, таҳқи қотӣ ва иртиботии худро рушд медиҳад, ба ягон хато роҳ намедиҳад, аз адабиёти иловагӣ васеъ истифода мебарад.
Ҳангоми баҳогузории 10-хола саволномаҳои тестӣ низ аз тарафи омӯзгор, шуро ё иттиҳодияҳои методӣ дар асоси талаботи стандартҳои фаннию барномаҳои таълимии фан ва синфи мушаххас пешниҳод карда мешавад. Барои ҷавоб ба ҳар як саволи тестӣ холҳо ин тавр муайян карда мешавад: барои ҷавоби дуруст ба тести пӯшида 1 хол, тести кушода 2 хол, тести мувофиқоварӣ 4 хол гузошта мешавад. Барои ҷавоби нодуруст хол гузошта намешавад. Арзёбии ташаккулдиҳанда (АТ) ба таври доимӣ ва мақсаднок гузаронида шуда, натиҷаи он тибқи тартиби муқарраргардида дар журнали синфӣ ва рӯзномаи хонанда қайд карда мешавад. Татбиқ ва ба роҳ мондани низоми баҳогузории 10-хола дар иртибот бо корҳои тавзеҳӣ бо падару модарон ва худи хонандагон сурат мегирад. Тибқи нишондоди дастурамали баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагони дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, дар давраи омӯзишӣ баҳои хонанда дар шакли рақамии (1,2,3,4,5,6,7,8,9,10) гузошта мешавад. Дар рӯзномаю дафтари кории хонанда баҳогузорӣ дар шакли рақамӣ ва дар қавс ба таври хаттӣ гузошта мешавад:
10 (аъло), 9 (олӣ), 8 (хубтар), 7 (хуб), 6 (кофӣ), 5 (қаноатбахш), 4 (кам), 3 (нокифоя), 2 (пасттар), 1 (пасттар). Бояд таъкид намуд, ки ба дониши хонандагон дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ баҳо гузошта намешавад. Дар зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 2-4) вобаста ба фанҳои таълимӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон (тавре ки дар боло зикр кардем) баҳогузорӣ карда мешавад.
Аз фанни забони модарӣ дар синфҳои 2-4 баҳо ба дониш, малака ва маҳорати хонанда дар асоси ҷавоб ба саволҳо ва иҷрои супоришҳои матни китоби дарсӣ гузошта мешавад. Баҳо ба малакаҳои хониш ва фаҳмидани мазмуни матн ва ба назар гирифтани ғалатҳои имлоӣ вобаста ба азхудкунии талаботи барномаи таълимӣ гузошта мешавад. Аз фанни математика баҳо ба дониш, малака ва маҳорати хонанда ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ гузошта мешавад. Баҳо ба дониши ҳосилнамудаи хонанда оид ба амалҳои ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсими ададҳо, муодилаю масъалаҳо ва маводи геометрӣ вобаста ба талаботи барномаи таълимии ҳар як синф (2-4) гузошта мешавад. Ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои 2-4 аз фанни санъат ва меҳнат мутобиқи барномаи таълимӣ бо риояи талабот: медонад, мефаҳмад, метавонад ва истифода мебарад, баҳои хаттии 10-хола ба ҳарду фан (як баҳо) гузошта мешавад. Баҳогузорӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ вобаста ба дараҷаи донишҳо оид ба машқҳои ҷисмонӣ ва бозиҳои серҳаракат, тарзу усули амалу ҳаракатҳоро аз худ намудани хонандагон ва инчунин, аз рӯйи натиҷаҳои иҷрои нормативҳои таълимӣ муайян карда мешавад. Баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанни табиатшиносӣ дар синфҳои 2-4 дар асоси маводи омӯхташуда, бо дарназардошти қобилиятҳои фикрӣ, зеҳнӣ, хулосабарорӣ ва мушоҳидакории хонандагон муайян карда мешавад.
Баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар синфҳои зинаи дуюм (синфҳои 5-9) ва сеюм (10-11)-и муассисаҳои таълимии омӯзишӣ вобаста ба гурӯҳи фанҳо муайян карда мешавад.
Ҳангоми гузаштан ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ талаботи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020», «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон» ба эътибор гирифта шудааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *