ҲАМКОРӢ:ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БА МУҚОБИЛИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

23 январи соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ф.Худоёров, сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия А.Шоҳиён ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Б.Амируллозода бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №43 ва №54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила вохӯрӣ баргузор гардид.

Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва интернет-кафеҳо, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.

Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Дар анҷом бо хонандагон вобаста ба масъалаҳои зикргардида саволу ҷавоб доир шуда, хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт, низ ба нақша гирифта шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *