«НОБИҒАГОН». Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи илму ҳунар озмун оғоз ёфт

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳия оид ба амалисозии «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» озмуни ноҳиявии дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи илму ҳунар таҳти унвони «Нобиғагон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.

Озмун ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ, новобаста аз шакли ташкилӣ ва тобеияти ҳуқуқӣ иштирок менамоянд.

Озмун аз 25 январ то 10 феврал дар ду бахш: илмӣ ва ҳунарӣ идома меёбад.

Ғолибон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо Шоҳҷоиза, ҷоиза ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *