БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ САРДОРИ САРРАЁСАТ

30 январи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон, таҳлили барномаҳои соҳавӣ ва иҷроиши онҳо, нақшагузорӣ вобаста ба иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар соили 2024, таҳлили сохмону азнавсозии муассисаҳои таълимии дар соли 2024 банақшагирифташуда, ҳисоботи оморӣ, вазъи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар соли 2024, иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории корҳои ободонӣ ва риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон,таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва иловагӣ, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта баргузории Аксияи ҷамъоварии партовҳои пластикӣ, омӯхтани луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа директорони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати таъмини тарбиягирандагон бо хӯрока, сару либос, китобу маводҳои хониш ва захираи маводҳои хӯрока гузориш дода, зикр намуданд, ки дар ин самт мушкилот ҷой надорад.

Дар идома Сатторзода Дилшод, Бобоев Умедҷон, Каримхудоев Зоир сармутахассисони раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *