6 феврали соли 2024 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин Ҳасан, кормандони ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе Саидзода Шаҳбоз, Қурбонов Зиёратшоҳ, Шарипов Суҳроб, Шарифзода Сунатулло, Рустамов Муҳаммаднабӣ, масъули шуъбаи маорифи ноҳияи Сино М.Алиев, омӯзгорону хонандагони синфҳои 4-11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ, баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои нохӯш бо иштироки ноболиғон, махсусан садамаҳои роҳу нақлиёт ва пешгирии чунин ҳодисаҳо бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт, низ ба нақша гирифта шудаанд.