5 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дарҷаласа доир ба баргузор намудани вохӯриву мулоқотҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар идома инчунин, масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон бахусус духтарон ва ҷалби онҳо ба зинаи сеюми таҳсилот, муноқишаҳои гуруҳии хонандагон, бо китобу дафтар ва дигар лавозимоти хониш дар дарсҳо иштирок намудани хонандагон, баргузории корҳои ободонӣ ва риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, таҳлили вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва иловагӣ, бемаврид ва тибқи тартиб ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандон, омӯхтани луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки 400 калимаро дар бар мегирад ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.
Дар рафти ҷаласа ба сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маориф Бобозода Асомиддин, масъулини шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд.