Дар Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад

Моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, баён гардид.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» (РЕСА 5) аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони соҳаҳои маориф ва илм аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ иштирок намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои таҳлили моҳияти лоиҳаи РЕСА дар соли 2023, сохтори лоиҳа, тағйироту иловаҳо дар индикаторҳо ва ҷанбаҳои сабз дар таҳсили касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, нақшаҳо барои соли 2024 таҳия гардиданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *