Бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел гузаронида мешавад, барои хонандагони лаёқатманди ихтироъкор ва навовар маротибаи нахуст дар ҷумҳурӣ Олимпиадаи лоиҳавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҷаласаи кумитаи тадорукоти баргузории нахустин Олимпиадаи лоиҳавӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки ин тадбир бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 31 январи соли 2020 дар бораи эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) амалӣ мешавад.
Ҳадафи асосии олимпиада баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.
Иштирокчиёни озмун метавонанд дар олимпиада ба таври фардӣ (индивидуалӣ) ва ё даставӣ (гурӯҳӣ, ки шумораи он номаҳдуд аст) иштирок намоянд. Иштирокчии олимпиада ҳақ дорад лоиҳаҳои илмӣ-эҷодиашро аз рӯи намудҳои гуногун, ки дар шартҳои он нишон дода шудаанд, ба кумитаи тадорукот пешниҳод намояд.
Дар олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳуқуқи иштирок доранд.
АКС аз манбаъҳои боз