Бахшида ба 75-солагии таъсиси факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов 15-17 марти соли 2024 дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Геология дар фазо ва замон» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов Рустам Ғаниев 16 феврал дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар конфронси байналмилалӣ беш аз сад мутахассис ва олими соҳаи геология аз Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд. Дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо баргузор гардида, инчунин иштирокдорони конфронси байналмилалӣ зимни саёҳат дар минтақаҳо бо манзараҳои геологии Тоҷикистон аз наздик шинос мешаванд.
Рустам Ғаниев афзуд, ки маҳз дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҷлил намудани 75 –солагии таъсиси факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва дар доираи он ташкили конфронси байналмилалӣ дар мавзуи геология беасос нест, зеро масъалаи рушди соҳаи геология дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 махсус таъкид гардида буд.
Инчунин конфронси байналмилалӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, иштирокдорони он бо тамаддуни миллати тоҷик ва арзишҳои фарҳангии мо аз наздик шинос мегарданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»