Вазорати маориф ва илм платформаи рақамии «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор»-ро мавриди истифода қарор дод

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф платформаи рақамии «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор»-ро коркард намуда, мавриди истифода қарор дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Платформаи рақамӣ дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем»-и ЮСАИД вобаста ба рушди маҳорати касбии омӯзгорон таҳия шуда, ба истифода додани он қадаме дар рақамикунонии системаи такмили ихтисоси омӯзгорон мегардад.

Таъкид гардид, ки такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон дар ҷараёни таҳсили миллӣ ҳамчун зинаи муҳим ва ҳатмӣ маҳсуб мешавад. Зеро зарурати такмил додани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба талаботи рӯз ва дар асоси дастовардҳои технологияи таълими фаъол беш аз пеш ба назар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки «бояд ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар истифодаи технологияи иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад».

 АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *