Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи маориф ва зинаҳои таҳсилро муайян менамояд

Дар шаҳри Душанбе Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Таъкид шуд, ки бо мақсади татбиқ намудани Ҳадафҳои Рушди Устувор барои солҳои 2015-2030 ва иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати «Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати бунёди самараноки маориф, ки имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ ва стандартҳои низоми таҳсилоти пешрафтаи ҷаҳонӣ, низоми байналмилалии арзёбии сифат ва воридшавии Тоҷикистон ба «Барномаи давлатӣ оид ба баҳодиҳии дастовардҳои таҳсилоти хонандагон» дар бар мегирад, зарурати ташкил намудани сохтори алоҳида дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуд.

Гуфта шуд, ки марказ вазъи умумии соҳаи маориф, зинаҳои таҳсил, ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф, сармоягузорию маблағгузорӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии соҳаи маорифро ҳамаҷониба таҳлил менамояд. Ҳамзамон он ҷараёни таҳия, мувофиқа ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, нақшаҳои рушд ва кумакҳои техникии соҳаи маорифро ҳамоҳанг месозад.

Вазири маориф ва илм ба масъулони Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, ҳамкорӣ бо шарикони рушд, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, иҷрои бандҳои стратегия ва барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *