ИҚДОМИ ШОИСТА:ТАШКИЛИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БА 1020 НАФАР КӮДАКОНИ ЯТИМУ МАЪЮБ ВА БЕПАРАСТОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

1 июни соли 2022 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва иқдомҳои хайрхоҳонаи соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои 1020 нафар кӯдакони ақлан ва ҷисман носолим, нобино ва сустбин, ношунаво ва сустшунаво, гунг, ятими кул, нимятими бепадар, нимятими бемодар ва аз пастории волидайн маҳрум, ки дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдудошта»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе ва Хонаи кӯдакони №1 шаҳри Душанбе ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, дастархонаи идона ташкил карда шуд.Масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Дилшод тарбиятгирандагону омӯзгорон ва парасторони муассисаҳои зикгардидаи соҳаи маорифро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳният намуда, зикр кард, ки ғамхориву дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои кӯдакони ятиму маъюб ва бепарастор яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, талош меварзанд, ки тамоми шароитро барои таълиму тарбияи тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт ва омӯзгорону парасторони онҳо фароҳам оварда шавад»,- тазаккур дод ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *