ш. Душанбе. 06.06.2022. Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии фосилавии «Тағйирёбии иқлим ва захираҳои об» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, имрӯз дар Форуми «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар Кохи “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид.Дар наминатсияи беҳтарин маҳсулот хонандаи синфи 9 МТМУ №41-и ноҳияи Шоҳмансур Холиқов Муҳаммад, дар наминатсияи расми беҳтарин хонандаи синфи 4 МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ Нозимов Иброҳим, дар наминатсияи беҳтарин навори аниматсионӣ хонандаи синфи 5-и МТМУ №60-и ноҳияи Сино Раҳмонова Мавзуна ва хонандаи синфи 10-и МТМУ №21-и ноҳияи Шоҳмансур Даминзода Муҳаммадалӣ, дар наминатсияи беҳтарин паём бошад хонандаи синфи 4-и МТМУ №33 ноҳияи Сино Муродов Беҳрӯз ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои сазовор сарфароз гардонида шуданд.Суратгузориш аз рафти баргузории маросими ҳавасмандгардонӣ:
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»