Хатмкунандагони мактабҳои пойтахт бо ҷараёни таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шинос шуданд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он аз 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо мақсади шиносоӣ бо ихтисосҳои донишгоҳ беш аз ҳазор довталаб иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Нархномаи шартномаи таҳсил, табодули донишҷӯён бо макотиби олии хориҷӣ, таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавӣ, омӯзиши иловагии забонҳои хориҷӣ, фаъолияти меҳнатӣ дар замони донишҷӯӣ, маблағи стипендия ва ғайра аз суолҳои меҳварии довталабон маҳсуб мешуданд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки дар айни замон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 40 ихтисос дар зинаи бакалавр амал менамояд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ин донишгоҳ усулҳои муассир ва воситаҳои натиҷабахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал менамоянд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳар ҷавон ба осонӣ метавонад забон омӯзад. Дар ин кор синфхонаҳои лингафонию мултимедӣ, омӯзгорони соҳибзабон ва муҳити забонӣ мусоидат менамоянд.

Ба хатмкунандагон расонида шуд, ки дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар радифи ҷойҳои шартномавӣ теъдоди зиёди ҷойҳои буҷавӣ низ мавҷуд мебошанд. Бо вуҷуди мақоми хеле баланд доштану донишгоҳи байналмилалӣ будан нархномаи солонаи таҳсил дар ин ҷо нисбат ба дигар муассисаҳои олӣ пасттар аст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар донишгоҳ дастаи ҳунарӣ бо номи «Субҳи ҷавонии мо» амал мекунад, ки аз ҳисоби донишҷӯёни истеъдодманду соҳибҳунар созмон ёфтааст. Ҳайати ин даста на танҳо дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, балки дар ҳамоишҳои фарҳангии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамояд.

Ҳамзамон довталабон оид ба дастрасӣ ба китобхонаҳои электронию анъанавӣ, марказҳои забономӯзӣ, даврҳои тайёрӣ, вазъи зиндагӣ дар хобгоҳ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти донишгоҳ пурсон шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *