ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ҶИҲАТИ ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ СОХТОРҲОИ ГУНОГУНИ ШАҲРДОРӢ

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ аз як қатор кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳр дидан намуда, ба муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин ба масуълин супориш дода шуд, ки барои саривақт тоза намудани барф аз назди биною корхона ва мағозаву фурӯшгоҳҳо корбарӣ намуда, баҳри омода намудани каналу селпартоҳо ва саривақт таъмин намудани сокинон бо оби ошомиданӣ ва нерӯи барқу гармӣ чораҳои судманд андешанд

Ҳамзамон бо ин, супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҳама қишрҳои ҷомеа баҳри самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва сарфаю сариштакорӣ тақвият бахшанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *