4 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” вохӯрии намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо кормандони муассиса баргузор гардид.
Чорабиниро Зафар Муродзода – директори МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ифтитоҳ карда, ҳадаф аз баргузории онро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони муассиса ва пешгирии сабабу омилҳои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ арзёбӣ кард.
Сипас, Масрур Мирализода – нозири калони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенати калони адлия дар мавзуи “Муқовимат бо коррупсия – омили муҳими ташаккул ва инкишофи низоми муосири идоракунии давлатӣ” баромад карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи наматлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкид менамоянд. Дар рафти суханронӣ таваҷҷуҳи иштирокчиён ба санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар дар самти мубориза бар зидди коррупсия, вазъи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, хавфҳои коррупсионӣ, оқибатҳои зараровари коррупсия ва ба роҳ мондани пешгирии коррупсия ҷалб карда шуд.
Дар охир Зафар Муродзода — директори МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» изҳор дошт, ки дар доираи соли “Маърифати ҳуқуққӣ” эълон гардидани соли 2024 бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ кардани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар муассиса дар заминаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби кормандони Вазорати адлия ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинар-машваратҳои доимамалкунанда баргузор карда мешаванд.