Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвияти корҳои идиологӣ ва маърифатӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли «Маърифати ҳуқуқӣ» гурӯҳҳои таблиғотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз аз 1 марти соли 2024 аз ҳисоби масъулони шуъбаҳои маориф, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъсис ёфта, бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила вохӯрӣ баргузор мегардад.
Аз ҷумла, 1 марти соли 2024 аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, №2-и ноҳияи Шоҳмансур, №19-и ноҳияи Сино ва муассисаи таҳсилоти асосии №3-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, ҷалби васеи аҳолӣ ба тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни онҳо, роҳ надодан ба истифодаи телефон аз ҷониби ноболиғон, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва коҳиш додани ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар фарҷом миёни меҳмонону иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамзамон, доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифтиротӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар зеҳни наврасону ҷавонон ибрози акида карда шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимӣ, низ ба нақша гирифта шудаанд.