ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ “РӮЗИ МОДАР” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.

Ин мавҷуди муқаддас дар тӯли умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона ширкат меварзад.

Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.

Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону бонувон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имкониятҳои мусоид барои амалӣ гардидани иқдомоти неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад.

Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.

Бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.

Ҳамасола дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ бахшида ба гиромидошти мақому манзалати занону модарон Рӯзи Модар дар саросари мамлакат бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Роҳбарияти шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлати Ҳукуматро нисбат ба дастгирии занону бонувон дар мадди аввал қарор дода пайваста ба занону модарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин рӯзи фархунда қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 феврали соли 2024, №106, “Дар бораи таҷлил намудани иди Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” ба тасвиб расид, ки бо мақсади иҷрои банди 5-и қарори мазкур дар толори “Кохи Суруш” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Модар-олиҳаи меҳр” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ собиқадорону фаъолзанони пойтахт даъват гардида иштирок намуда, бо барномаи фарҳангии пур аз меҳру самимият нисбат ба зан модар омоданамудаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо хотири хотири худро болида намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *