Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони арҷманд!
Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Модар, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола бо арҷгузорӣ ба Зан – Модар ва нақши ӯ дар зиндагии инсоният ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат, аз ҷавонмардони мамлакат, бахусус, ҷавонони пойтахт даъват ба амал меорам, ки бо риояи анъанаву суннатҳои неки миллати бостонии тоҷик нисбат ба модару хоҳар, духтар ва ҳамсарони худ доимо меҳрубону ғамхор бошанд, дар пешбурди зиндагӣ ба онҳо ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ҳамдаму ёвари вафодор ҳамеша кумак расонанд.
Итминони комил дорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо дар оянда низ дар роҳи таълиму тарбияи насли солиму созанда, рушди давлату ҷомеа ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона саъю талош меварзанд.
Бори дигар ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарони азизро ба ифтихори ҷашни самимияту зебоӣ ва эҳтирому қадршиносӣ – Рӯзи Модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи ободу осуда, бахту саодат ва зиндагии пурбаракат орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!