
Аз 11 то 14 марти соли равон бо мақсади расонидани ёрии методӣ вобаста ба истифодаи мақсадноки таҷҳизоти техникӣ ва беҳбуди фаъолнокии омӯзгорон дар самти татбиқи барномаи электронии “eDonish” мутахассисони МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сафарбар гардиданд. Кормандони муассиса зимни расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон тарзи ворид намудани ҷадвали дарсӣ, баҳои хонанда, сабаби ғоиби хонандагон ва истифодаи мақсадноки журнали электронии “eDonish”-ро фаҳмонданд. Инчунин, аз ҷониби мутахассисон ҳолатии кории компютерҳои бо барномаи мазкур пайваст санҷида шуда, мушкилоти техникии ҷойдошта бартараф гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳолати татбиқи барномаи электронии “eDonish”-ро мунтазам пайгирӣ намуда, бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт ҳамкории мутақобила дорад.