Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоти техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе буда, муассиса корбариро дар ин самт ба таври муассир ба роҳ мондааст. Ин аст, ки аз ҷониби муассиса доир ба истифодаи мақсадноки таҷҳизоти техникӣ дар байни омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.

Аз 11 то 14 марти соли равон бо мақсади расонидани ёрии методӣ вобаста ба истифодаи мақсадноки таҷҳизоти техникӣ ва беҳбуди фаъолнокии омӯзгорон дар самти татбиқи барномаи электронии “eDonish” мутахассисони МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сафарбар гардиданд. Кормандони муассиса зимни расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон тарзи ворид намудани ҷадвали дарсӣ, баҳои хонанда, сабаби ғоиби хонандагон ва истифодаи мақсадноки журнали электронии “eDonish”-ро фаҳмонданд. Инчунин, аз ҷониби мутахассисон ҳолатии кории компютерҳои бо барномаи мазкур пайваст санҷида шуда, мушкилоти техникии ҷойдошта бартараф гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳолати татбиқи барномаи электронии “eDonish”-ро мунтазам пайгирӣ намуда, бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди пойтахт ҳамкории мутақобила дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *