СЕМИНАР: ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОР БО ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ

15 марти соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо мақсади тақвият бахшидани кор бо тахтаи интерактивӣ семинари омӯзишӣ оғоз гардид. Семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида, то 20 марти соли равон идома меёбад. Рӯзи нахусти семинар бо фарогирии омӯзгорони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷолибу хотирмон баргузор гардид.

Нахуст, семинарро директори муассиса Зафар Муродзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо барномаи баргузории семинари омӯзишӣ ва мақсади ташкилу баргузории он шинос намуд. Инчунин, афзалиятҳои кор бо тахтаи интерактивиро баён карда, нахустин барномаи тахтаи интерактивии ватанӣ — “eTalim”-ро муаррифӣ намуд.

Дар идома мудири шуъбаи таълимӣ-методии муассиса Зулфия Тошбоева вобаста ба тарзи кор бо барномаи “eTalim” машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронд. Номбурда доир ба хусусиятҳои техникии тахтаи интерактивӣ ва тарзи кор бо он маълумоти муфассал дод. Дар қисми поёнии семинар машғулияти амалӣ доир карда шуд, ки омӯзгорон ба таври инфиродӣ бо барномаи “eTalim” кор карда, супоришҳои пешниҳодиро иҷро намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид.

Дар ҷараёни семинар омӯзгорон аз имконоти барномаи мазкур истифода карда, доир ба истифодаи аввалин барномаи интерактивии ватанӣ таассуроти нек бардоштанд.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади фарогирии ҳамаи омӯзгорони фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар базаи муассисаҳо бо иштироки омӯзгороне, ки дар семинари мазкур иштирок намуданд, дар давраи таътили баҳорӣ машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки гузарондани силсила семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар ҷараёни таълим ҷузви афзалиятҳои муассиса буда, мунтазам ташкилу баргузор карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *