15 марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии Россияву Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ва марбут ба соҳаи маориф, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин ироа гардида буданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илм ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои сол — баҳори нозанин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба иштирокчиён саломатӣ ва саодати ҳамешагии рӯзгорро таманно намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, иҷрои ҳатмии талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амри зарурист. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ низ бояд дар доираи талаботи қонун сурат гирифта, ба риояи қатъии муқаррароти қонунҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамзамон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҳамаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани амалҳои хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шудаанд ва мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар мулоқоти Сарвари давлат зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии исрофкорию зиёдаравиҳо, роҳ надодан ба ҳар гуна хурофотпарастӣ, хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимии типи нав, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатсупории хонандагони синфҳои 11 ба Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон