Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд.

Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Зеро Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз робитаи мустақими он бо табиат ва инсон, пайванди он бо суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ мебошад.

Наврӯз дар асл ҷашни зиндагисоз аст.

Дар айёми Наврӯз табиат эҳё шуда, маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷону рӯҳи инсон ҳам умеди тоза ба зиндагӣ кардану эҷод намудан ва обод кардану зебоӣ офаридан дигарбора зинда мегардад.

Замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба корҳои баҳорӣ оғоз мекунад, бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмин намудани баракати дастурхони мардум ба замин дона мепошад.

Тозаву озода кардани манзили зист, аз ҷумла хонасафедкунӣ, ба умеди файзу баракат ва нуру рӯшноӣ берун баровардани шикастпораҳао ва аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омода кардани ҳар гуна таомҳои миллӣ аз ҷумлаи анъанаҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро аз қадим то имрӯз риоя мекунанд.

Муқаддас донистану эҳтиёт кардани табиат, поккории ҷӯйбору чашмаҳо ва тоза нигоҳ доштани дарёву обанборҳо барои мардуми бостонии мо суннати дерина ва бисёр муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки дар масири таърихи тӯлонии халқамон Наврӯзи Аҷам дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро ташкил додааст.

Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми мо бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба хотири ҳифзи асолати худ ба ин арзишҳои бебаҳои миллиамон ҳамеша арҷ гузорем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

Барои ин ҳоло тамоми заминаҳои зарурӣ муҳайё мебошанд.

Неъмати истиқлолу озодӣ ва оромиву суботи ҷомеа ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши таърихи пурғановати миллатамон, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва таҷлили густурдаи ҷашнҳои асили миллии Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва эҳёву оммавӣ гардонидани онҳо тамоми заминаву имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Тавсеа пайдо кардани фарҳанги наврӯзӣ ҳамовозии давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколамаву гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ ҳамвор сохт.

Хотирнишон менамоям, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, яъне офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд.

Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.

Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем.

Чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд.

Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки дар фарҳанги тоҷикон амалҳои некиву накукорӣ ва ботину қалби пок доштан анъанаи дерина буда, аз шиори аҷдоди некномамон – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек сарчашма мегиранд.

Ҳамватанони азиз!

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни марди деҳқон – давомдиҳандаи кори Бобои Одам ба ҳисоб меравад ва бо соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад.

Ин аст, ки марди деҳқон омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашад.

Солҳои охир бо сабаби мураккабу ноором гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он – камобиву хушксолӣ, инчунин, паҳн шудани бемориҳои сироятӣ таъминоти аҳолии сайёра бо озуқаворӣ торафт мушкил гардида истодааст.

Дар кишвари мо низ камобӣ идома дошта, бориши барфу борон нисбат ба соли гузашта 70 фоиз кам мебошад.

Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад.

Имрӯз сокинони беш аз 80 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.

Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда, табиату иқлими мусоиди кишвар ва махсусан, обу замин, аз ҷумла заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ оқилонаву самаранок истифода барем.

Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳамчунин, мо бояд бо дарназардошти шароити замона анъанаҳои неки гузаштагони худ – сарфаю сариштакориро риоя намоем, ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳем, ба хотири ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон талош намоем.

Бовар дорам, ки дар соли нави аҷдодӣ мардуми сарбаланди мамлакат ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам бештар кор мекунанд ва заҳмат мекашанд.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, ҳамдиёрони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди мамлакат тандурустӣ, зиндагии босаодат ва ба мардуми сайёра сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – Соли нави аҷдодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *