ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВА ТАТБИҚИ ҚОНУНҲОИ АМАЛКУНАНДА

13 феврали соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар муассисаҳои таълимии №25-и ноҳияи Сино ва №6-и ноҳияи И. Сомонӣ бо иштироки муовини сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Саидзода Баҳрулло, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Дилшод, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, сардори Раёсати занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳмашарифзода Дилрабо, директори МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” Зайнаб Анварӣ, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Гулзод Махкам Ҷумъа ва мудири шуъбаи морифи ноҳияи Сино Амируллозода Беҳрӯз бо маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Сино ва №6-и ноҳияи И. Сомонӣ, падару модарон ва хонандагони муассисаҳои мазкур вохӯрӣ намуда, суҳбати озоду ошкоро баргузор гардид. Иштирокдорон дар оғози суҳбат вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 6 январи соли 2026, №1, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» инчунин, бо мақсади пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии маблағғундории ғайриқонунӣ, нашъамандӣ, ворид шудани хонандагон ба “интернет-кафеҳо” ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ва ташаккули идеологияи солим миёни омӯзгорон, волидон ва хонандагон суханронӣ намуданд.

Инчунин, вобаста ба Шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни омӯзгорон ва хонандагон ба хотири ба вуҷуд омадани масъулияти шаҳрвандӣ дар раванди давлатдорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мақоми омӯзгор”, баргузории дарсҳои алоҳидаи тарбиявӣ дар синфҳои 7-11 ва ҷалби волидайни онҳо ба раванди таълими фарзандонашон (бо ташкили ҳарҳафтаинаи маҷлиси падару модарон), расонидани кумаки психологӣ барои хонандагони саркардаву душвортарбия, ташкил ва гузаронидани пурсишҳо вобаста ба муайян намудани муносибати хонандагон ба таълим, доир намудани суҳбатҳои инфиродӣ бо хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби равоншиносон, ҷалби бештари хонандагони саркардаву душвортарбия дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, назорати иштироки падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунандаи хонандагони саркардаву душвортарбия дар маҷлисҳои умумимактабии падару модарони хонандагон, баргузор намудани чорабиниҳои таълимию маърифатӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, вобаста ба баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистидошта, ба хонандагон омӯзонидани тарзи ҳаёти солим, ба роҳ мондани машқҳои пагоҳирӯзӣ, таҳкими солимӣ ва пешгирии ҳамагуна бемориҳо ба монанди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, тамокукашӣ, маводҳои нашъаовар, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон, пешгирӣ намудан аз бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона аз ҷониби баромадкунандагон ба таври муфассал суханронӣ ва таъкидҳо карда шуд. Дар фарҷом аз ҳисоби иштирокдорон саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби баромадкунандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *