ТАБРИКОТИ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР – САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Модарону хоҳарони азизу гиромӣ,

дар ин рӯзҳои аввали баҳор, оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон Шумо модарону хоҳарон ва тамоми бонувони азизро ба муносибати иди фархунда – Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти зиёд муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, сарфарозию комёбиҳо ва хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям.

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи Зан – Модар таҷлил менамоянд.

Дар ҳақиқат, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият ин Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди пойтахти азизамон ва тамоми ҷумҳурӣ таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷумҳуриямон мебошанд.

Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад.

Аз ин лиҳоз, Рӯзи Модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст.

Яъне дунё дар домони биҳиштии Модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз Ӯ сипосгузор мебошад.

Хираду наҷобат ва бузургии Модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Бузургдошти Модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки Модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории Ӯ расем.

Ҳамду сано ба Зан — Модар, ки муҳаббати Ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои Ӯст.

Бори дигар ҳамаи Шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва бонувони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай рӯзгори пур аз баҳорро орзу дорам.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *