СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: ИСТИФОДАИ ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВӢ ДАР ҶАРАЁНИ ДАРС

Аз 15 то 20 марти соли равон дар МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо мақсади тақвият бахшидани кор бо тахтаи интерактивӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Истифодаи тахтаи интерактивӣ дар ҷараёни дарс” баргузор гардид. Семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пешбинӣ гарда, дар он 122 нафар иштирок карданд.

Дар семинари мазкур мудири шуъбаи таълимӣ-методии муассиса Зулфия Тошбоева вобаста ба тарзи кор бо барномаи “eTalim” машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронда, доир ба хусусиятҳои тахтаи интерактивӣ ва тарзи кор бо он маълумоти муфассал дод. Семинари омӯзишӣ ба таври назариявӣ ва амалӣ баргузор гардид. Бо мақсади арзёбии дониш ва мустаҳкамкунии маълумотҳои баррасишуда, ба шунавандагони семинар корҳои мустақлона супорида шуд. Ҳар як иштирокчӣ дар компютери фардӣ бо барномаи “eTalim” кор карда, супоришҳои пешниҳодиро иҷро намуданд ва корҳои худро ба аҳли гурӯҳ муаррифӣ намуданд. Семинар барои омӯзгорон ҷолибу хотирмон баргузор гардида, дар фарҷом омӯзгорон хостори баргузории бештари чунин семинарҳои омӯзишӣ шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» таҳия гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади фарогирии ҳамаи омӯзгорони фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар базаи муассисаҳо бо иштироки омӯзгороне, ки дар семинари мазкур иштирок намуданд, дар давраи таътили баҳорӣ машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки гузарондани силсила семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба истифодаи технологияҳои информатсионӣ дар ҷараёни таълим ҷузви афзалиятҳои муассиса буда, мунтазам ташкилу баргузор карда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *