ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР МАРКАЗИ ТАҲЛИЛӢ-ИТТИЛООТӢ

20 марти соли равон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҷлисгоҳи МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар ҳамбастагӣ бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе таҷлил карда шуд.

Чорабиниро директори Марказ Муродзода Зафар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику шодбош гуфт. Дар идома муовини директори Марказ оид ба корҳои таълимӣ-методӣ ва таҳлилӣ-иттилоотӣ Санҷар Амриев зимни сухаронии худ қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни қадимаи Наврӯзи оламафрӯз, ки миллати тамаддунофари мо меросбару парчамбардори ин ҷашни зебоӣ аст, ҷашни байналмилаӣ эълон гардида, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Дар чорабинӣ кормандони Марказ – Меҳроҷ Шоев дар мавзуи “Наврӯз пайвандгари тамаддунҳо”, Зайнаб Абдуллозода дар мавзуи “Наврӯз – ҷашни ниёгони мо” ва Сабрина Насимова дар мавзуи “Наврӯз — ҷашни миллӣ ва меросӣ таърихӣ” бо маърузаҳои илмӣ-оммавии худ баромад карданд.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра кормандони Марказ барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли наврас, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар пешрафти фаъолияти муассиса бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо Ифтихорномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми шаҳри Душанбе ва Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи Наврӯзу баҳор тавассути оинаи нилгун ба намоиш гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *