Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷашни Наврӯз ба беш аз 14 500 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд ва 9 ҳазор сарбоз кумакҳо расонида шуд.
Кумакҳо дар заминаи ибтикороти “аёдат ва супоридани туҳфаҳо” ва бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони мактаб-интернатҳо, ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд ва ниёзмандон супорида шуд.
Кумакҳо аз орду равған, шакару тухм, картошкаву пиёз ва сабзиву макарон иборат буд. Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳона ва дар ҳошияи ҷашни Наврӯз, туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе ба ҳайати бошандагону таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии “Мактаб-интернети рақами 3 барои кўдакони имконияти маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти ибтидоии “Мактаб интенати рақами 4 барои кўдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб-интернати рақами 5 барои кўдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе, МД “Хонаи кўдакони рақами як барои кўдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе, МД “Маркази дастгирии оила ва кўдаки рақами 1”-и шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва МД шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шавқат тақдим карда шуд.
Аснои супоридани кӯмакҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе табрикоти самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба бошандагони муассисаҳо ва сокинон ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ расониданд. Баҳраманд гардидан аз кумакҳои мазкур бахусус барои кӯдакону наврасон хело ҳам хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба Раиси шаҳри Душанбе ва кулли ташаббускорони ин амали саршори хайру савоб бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби омодакардаашон, ки бозгӯйи дунёи беолоиши кӯдаконаи онҳо буд, самимӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад. Мавриди зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кўмак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рафти сӯҳбат бо таълимгирандагони муассисаҳои аз кӯмакҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳрамандгардида бори дигар таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва дасти кумак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе идомаёбанда буда, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхорӣ қарор мегиранд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе