«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ»

ш. Душанбе. 12.04.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид, ки дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., роҳбарону масъулони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дигар шахсони масъул, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва омӯзгорони онҳо ширкат намуданд.

Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №185 аз 8 апрели соли 2024 эълон карда шудааст.

Озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияҳои “Барномасозӣ”, “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ” ва “Табиатшиносӣ” доир гардида, дар назар аст ҷамъбасти он дар арафаи Рӯзи пойтахт, бо баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он, баргузор карда шавад.

Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарафароз карда мешаванд. Инчунин, ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибиятро ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ, муқаррар гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки, дар даври дуюми озмун дар маҷмуъ 1200 нафар иштирок намуда, аз онҳо танҳо 895 нафарашон бо ба даст овардани холҳои мувофиқ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, тибқи дархости ноҳияҳои пойтахт аз рӯйи ҳар як номинатсия, шумораи зерини довталабон барои иштирок дар даври шаҳрии озмун пешниҳод гардидаанд:

— номинатсияи «Барномасозӣ» — 13 нафар;

— номинатсияи «Меъморӣ» — 12 нафар;

— номинатсияи «Моделсозӣ» — 12 нафар;

— номинатсияи «Радиоэлектроника» — 12 нафар;

— номинатсияи «Робототехника» — 12 нафар;

-номинатсияи «Сайёҳӣ — кишваршиносӣ» — 12 нафар;

— номинатсияи «Табиатшиносӣ» — 12 нафар.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дархости комиссияи шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани он, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, ходимони намоёни соҳаҳои илми ватанӣ ба ҳайати ҳакамони озмун шомил гардидаанд.

Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ду рӯз идома ёфта, он дар маҷмуъ аз санҷиши донишҳои назариявӣ аз рӯи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ иборат хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *