Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳир Душанбе ҷаласаи Комиссияи даври шаҳрии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” таҳти роҳбарии Одилзода Дилбар Раҳим муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи озмун ташкил ва баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Исмоилзода Баҳром Мансур сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муқимӣ Дилором директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” – котиби комиссияи озмун, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Сараввал сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М. вобаста ба рафти амалишавии Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 апрели соли 2024, №187 “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» маълумот дода, иброз намуданд, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур бо қарорҳои дахлдори раисони ноҳияҳои пойтахт ба тасвиб расонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи иштирокчиён дар даври ноҳиявӣ 729 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 48 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои намоён гашта руйхати ғолибон ба Кумитаи тадорукоти даври шаҳрии озмун пешниҳод гардидааст.
Дар идомаи ҷаласаи ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” муаррифӣ карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки даври шаҳрии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” санаи 13 апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор мегардад.