Нимаи дуюми имрӯз таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р. ҷаласаи Комиссияи озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссия – роҳбарону масъулони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати ҳакамон ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, №185 аз 8 апрели соли 2024 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, рӯйхати иштирокчиён, гурӯҳи экспертӣ, меъёр ва варақаҳои баҳогузорӣ ва ҷадвали баргузории даври шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» тасдиқ карда шуданд.
Қарор карда шуд, ки озмун рӯзҳои 12 – 13 апрели соли 2024 баргузор карда шуда, ҷамъбаст ва ҳавасмандгардонии ғолибони он дар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҳикистон баргузор карда шавад.