Имрӯз, 15 апрели соли 2024 дар шаҳри Тошкент вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкориҳоро дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи сарони ду кишвари ба ҳам дӯст унвон карданд.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон вориди шаҳри Тошкент гардидаанд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон