«ЗАБОН ДОНӢ—ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 09.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт гузаронида мешавад.
Ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯи шартҳои «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон); «Эссе» (бо се забон); «Қироати шеър» (бо се забон); «Имло» (имлои дурусти калима дар матн); «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ) гузаронида мешавад.
Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:
— даври якум – моҳҳои январ –феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳо;
— даври дуюм – моҳи март дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;
-даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – ҳафтаи дуюми моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюм.
Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб (ҷойи якум -1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.
Ин иқдом бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотиии давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб шуда, дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «дар айни замон ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»