ДУШАНБЕ, 10.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор карда мешавад, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмун тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, мақсад аз он — рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба ин фанҳо алоқаманд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар амалӣ намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст.