Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ барои ғамҳориҳои пайвастаашон миннатдории самимӣ баён намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, хусусан аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва кор бо техникаю технологияи муосир ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан 116 нафар ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки 21 нафарашон ятими кулли ноболиғ мебошанд.
Дар партави дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳаргиз танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Пешвои раиятпарвари миллат таҳсили илм карда, барои соҳибкасб шудан ва бунёди зиндагии ободу осуда талош меварзанд.