ТАВАҶҶУҲ!!! МАБЛАҒИ АТТЕСТАТ 8 СОМОНИЮ 63 ДИРАМ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки маблағи ҳуҷҷатҳои хатм (аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар соли 2024 дар ҳаҷми 8 сомонию 63 дирам муқаррар гардидааст.

Шаҳрвандони муҳтарам, дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ зиёд талаб намудани маблағ метавонед, арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 227-76-86 ва ё тариқи почтаи электронии mort@maorif.tj пешниҳод намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *