Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) дар пойтахт Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар доираи он бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар майдони «Озодӣ»-и шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон- Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳафтаи кӯдакону наврасон аз 26 май то 1 июн идома ёфта, дар доираи он баргузории барномаи фарҳангӣ ва ҳамоиши ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми сеюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз» ва мизи мудаввар дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, иқдоми таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Таъкид шуд, ки Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе 1 июни соли 2024 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоиши ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт ҷамъбаст карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *