24 майи соли равон дар толори фарҳангии “Маркази ош”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» зери унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» баргузор гардид.
Дар маросим роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон, кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии бошукӯҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки таҳти сарпарастии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ҳамасола «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор карда мешавад.
Масъули баргузории ҳафтаи мазкур Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” буда, имсол Ҳафтаи мазкур дар сатҳи комилан муосир ва фарогирии чорабиниҳои муҳим баргузор гардид. Аз ҷумла, маросими бошукӯҳи ифтитоҳи расмии чорабиниҳои ҳафта дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе доир карда шуд, ки дар он муассисаҳои илмию таълимӣ, ташкилоту корхонаҳои инноватсиониву техникӣ ва технологӣ дастоварду лоиҳаҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Қайд гардид, ки имсол дар доираи Ҳафта чорабиниҳои муҳими илмӣ-маърифатӣ ба монанди намоиши дастовардҳои техникиву технологӣ ва илмию инноватсионӣ, IT -гап, Дарси маҳорат (Мастер-класс), Озмуни шаҳрии “Илм ва амал”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба “Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои омӯзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, Озмуни шаҳрии“Омӯзгори муосир”, “Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” ва озмуни “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ” баргузор гардиданд. Баргузории чунин чорабиниҳо омили муҳимми бедор намудани шавқу рағбати кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои муосир арзёбӣ гардид.
Озмуни “Илм ва амал” 21 майи соли равон дар Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур 63 лоиҳа аз ҷониби хонандагони 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав ва муассисаи таълимии хусусии шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Аз ҷониби хонандагон 44 лоиҳаи ихтироъкорӣ ва 19 лоиҳаи инноватсионӣ ба таври гурӯҳӣ ва инфиродӣ муаррифӣ гардид. Натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки 37 номгӯйи лоиҳаҳо ғолибият ба даст оварданд.
Инчунин, рӯзҳои 22-23 майи соли равон дар Парки технологии Маркази ҷавонон Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аз рӯи номинатсияҳои «Барномасозӣ»; «Зеҳни сунъӣ»; «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ»; «Робототехника» ва «Дизайни графикӣ» баргузор гардид. Дар Форум зиёда аз 230 довталаб иштирок карданд ва аз ҳар номинатсия сетоӣ ғолиб муайян карда шуд. Бар иловаи ин, 10 нафар довталаби фаъоли дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар озмуни шаҳрии “Омӯзгори муосир”, ки 23 май дар толори компютерии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид, 64 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок карданд. Тариқи барномаи MyTest донишҳои назариявии омӯзгорон анҷида шуд. Дар марҳилаи дуюм иштирокчиён тавассути сомонаи https://vjudge.net/ ба барномасозӣ машғул шуда, лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд. Ҳамин тавр, 3 нафар омӯзгор дар озмуни мазкур ғолибият ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки озмуни шаҳрии “Омӯзгори муосир” бори нахуст дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад.
Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои Ҳафта озмуни “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ” ҷамъбаст гардид, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, шакли нав ва бахши хусусӣ яктоӣ кабинети беҳтарин муайян карда шуд.
Хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои Ҳафта фаъолона ширкат варзиданд. Озмунҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон тибқи муқаррароти низомномаҳо дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои моддиву маънавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба таври бошукуҳ доир шуда, дар идомаи он баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки 20 майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» зери унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.