МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ “ҲАФТАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Субҳи имрӯз дар майдони “Озодӣ”-и шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2024, №324 “Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе” тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, аз ҷумла сардори Сарраёсати маориф шаҳри Душанбе Б.М. Исмоилзода ва кӯдакону наврасон – аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ба номи Исмоили Сомонӣ, маросими гулгузорӣ дар пояи Муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.

Маросими мазкур, ки дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир гардид, ба “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ифтитоҳи расмӣ бахшид.

Маркази матбуотии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *