НОРАСОИИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ. Ин масъала дар машварати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, тартиби ҳуҷҷатгузории иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва системаи билингии пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ — ин ва дигар масъалаҳои соҳаи китобдорӣ 22 июн зимни машварат дар шаҳри Душанбе таҳти унвон «Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дар Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ доданд, машварат дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дарназардошти ғояҳои давлатдории миллӣ таҳия намудани китобҳои дарсӣ, ҳамзамон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, махсусан дар самти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ доир гардид.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода иброз намуд, ки «мушкилоти дигаре, ки имрӯзҳо дар самти китобдорӣ ба чашм мерасад, ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳисоботи бухгалтерии адабиёти таълимӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар робита ба ин масъулини соҳаро зарур аст ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ҳар чӣ бештар чораҳои амалӣ андешанд».

Раҳим Саидзода дар охир ба мушовирони бахши китобдории раёсату шуъбаҳои маориф ва масъулини Вазорати маориф ва илм дастур дод, то ҷиҳати роҳ наёфтани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ ва роҳҳои пешгирии он, тарзи аз эътибор соқит кардани китобҳои фарсудашуда, роҳҳои бартараф намудани қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, гузаронидани санади муқоисавӣ байни шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ, муайян намудани шумораи хонандагон, пешниҳоди дархост барои таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ, бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дархости китобҳои дарсиро дуруст ба вазорат пешниҳод намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *