Дар Тоҷикистон 11 стратегияву, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 11 стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд, ки ба рушд ва ислоҳоти соҳа равона гардидаанд. Дар ин хусус 25 июн зимни баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, ки дар Вазорати маориф ва илми мамлакат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Муовини сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки тайёр намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сифати таҳсилот, амалӣ намудани стратегияву консепсияҳо дар ин самт барои вусъат бахшидани маорифи миллӣ омили таъсиррасон мебошад.

Сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода дар мавзуи  «Сифати таҳсилот, мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани он дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ» маъруза намуда, аз ҷумла гуфт, ки «баланд шудани сифати таҳсилот дар ин зина барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат хеле муҳим аст».

Дар ҷараёни ҷаласа гуфта шуд, ки Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 доир баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, иҷрои саривақтии стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатиро фаро гирифта, барои рушди маорифи миллӣ як омили таъсиргузор ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *