Имрӯз даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда оғоз гардид. Имрӯз аз 11 099 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро 10 452 нафарашон ба забони тоҷикӣ ва 647 нафарашон ба забони русӣ хоҳанд супорид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 1 июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 44 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад.