Дар Душанбе бо намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ вохӯрӣ доир гардид

25 июн дар Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 65-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти дахлдори давлатӣ бо намояндагони ваколатдори ин ниҳод ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ доир шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарияти Маркази миллии тестӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Таъкид гардид, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз муҳимтарину намоёнтарин чорабинии ҳарсолаи соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад ва ҳадафи ҷамъ омадани аҳли маҷлис низ баррасии масъалаҳои муҳимтарини марбут ба ин имтиҳонҳо аст.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода муҳимтарин нуктаҳоро дар иртибот ба баргузории имтиҳонҳои мазкур ва дурусту бенуқсон роҳандозӣ кардани он барои намояндагони ваколатдори Марказ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ бозгӯӣ ва таъкид кард.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода аз намояндагон ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ваколатдори Маркази миллии тестӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ва роҳбарони марказҳои имтиҳонии  шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд, мусоидат дар ташкилу роҳандозии ҳадафмандонаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва самтҳои дигари фаъолияти Марказ изҳори сипос намуд.

Тазаккур дода шуд, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мавриди  таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.  Сарвари давлат барои шаффофу одилона ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор  кардани ин имтиҳонҳо пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози андеша намуда, кормандони Марказро барои риояи комили тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳо, набаромадан аз чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда, муқовимат ба ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва амсоли ин таъкид намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *